Кори курсӣ аз фанни таърихи забоншиносии тоҷик дар мавзӯИ “забоншиносии араб ва мактабҳои он” Муаллими раҳнамо: дотс. С. Хўжакулов вазорати таълими олӣ ва миёнаи



Download 411,81 Kb.
bet7/11
Sana13.07.2022
Hajmi411,81 Kb.
#788728
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11
Bog'liq
Кори курсӣ Тоғаева Муаттар

2.1. ЗАБОНШИНОСӢ ДАР АРАБИСТОН
Дар асрхои VII-VIII давлати бузурги арабҳо - хилофат ба амал меояд. Ба ин давлат на танҳо худи Арабистон, балки тамоми мамлакатҳое, ки аз тарафи арабҳо забт карда шуда, дини исломро қабул карда буданд, дохил мешуданд. Халқҳои Шимолии Африка, Нимҷазираҳои Пиреней, Эрону як қисми Кавказ, Осиёи Миёнаву Афгонистон низ ба ин давлати бузург шомил буданд. Ин давлати гуногунзабон ва гуногунмаданият буд, вале забони давлатӣ забони арабӣ ва дин дини ислом буд. Забони арабӣ барои халқҳои гуногунзабоне, ки дини исломро қабул карда буданд, забони ягонаи дин ва китобат ба шумор мерафт. Ҳамин холатро хеле баъдтар дар мамлакатҳои Европа ҳам мушоҳида
кардан мумкин аст. Забони лотинӣ мисли забони арабӣ барои ҳамаи ин халқҳо забни ягонаи дин ва китобат буд. Таъсири маданияти баланди ҳиндуҳо ва юнониҳо мушоҳида мешавад. Дар Арабистон ҳам омӯзиши забон ҷиҳати амалӣ дошт. Аксари муҳаққиқон Абу Асвод Дуалиро асосгузори илми забоншиносии араб мешуморанд. Кори ӯро шогирдонаш – Абу Амр Исо ибни Умар-ас-Сакофӣ ва инчунин Халил ибни Аҳмад ал-Фарходӣ ва шогирди у Сибавайҳ давом медиҳанд. Забоншиносони араб дар се марказ фаъолият доштанд. Мактаби забоншиносии Басра соли 636 ва Куфа соли 638 ба амал меояд. Забоншиносони басрагӣ ба таври қатъӣ риоя кардани меъёру нормаҳои забони классикӣи арабӣ, хусусан китоби муқаддаси Куръон ва назми классикӣро талаб мекарданд. Забоншиносони мактаби Куфа бештар ба ҷиҳати амалӣ таваҷҷӯҳ доштанд. Инҳо ба меъёру нормаи забони классикӣ ва сохти нахвиёти он эҷодкоронаву озод муносибат карданро ҷоиз мешумориданд. Бинобар он ба забони шифоҳии мардум низ такя менамуданд. Соли 762 шаҳри Бағдод маркази Хилофати Аббосиён мегардад ва маркази забоншиносии сеюм дар ин ҷо ба амал меояд ва баъзе забоншиносони он ду марказ ба ин ҷо меоянд. Муҳаққиқони ин мактаб аввал ақидаи забоншиносони Куфро тарафдорӣ карда бошанд ҳам, баъд ақидаи забоншиносони басрагиро дастгирӣ мекунанд ва дар охир ҳарду ақидаро муттаҳид менамоянд. Асари Халил ибни Аҳмади Басрӣ «Китоб-ал-ъайн» то замони мо нарасидааст, вале аз руйи асари «Ал-китоб»-и Сибавайҳ маълум мешавад, ки Аҳмади Басрӣ бунёдгузори арӯзи арабӣ буда, сохтори калимаҳои арабӣ, овозҳои ҳамсадо, садонокҳои кӯтоҳ, хусусиятҳои сифатию микдории онҳоро (аз кабили овозҳои халқӣ, забонӣ, дандонӣ) нишон додааст.
Бо вуҷуди он ки бисёр масъалаҳои илми забонро Халил ибни Аҳмад баён кардааст, тадқиқи системаноки грамматикаи забони арабӣ дар асари Сибавайҳ - «Ал-китоб» дода шудааст. Муаллиф маълумоти парокандаи дар забоншиносии араб ҷойдоштаро ба як низоми муайян дароварда, нормаи забони арабӣ ва исгилоҳоти марбути забоншиносиро ҳам муқаррар намудааст. Сибавайҳ ё ки Абу Бишр Амр ибни Усмон ибни Камбор худ форс буда, дар мактаби забоншиносии Басра фаъолият доштааст. Ӯро эрониҳо Себуя меноманд. «Ал-Китоб» аз 568 фасл иборат буда, доир ба бисёр масъалаҳои забон маълумот медиҳад. Сибавайҳ дар забони арабӣ 39 ҳарфро нишон дода, аз руйи тарзи хосилшавиашон ба 26 навъ ҷудо кардааст. Овозҳоро аз руйи тарзи талаффузашон ба чор гурӯҳ - ором талаффузшаванда, ба монеаҳо дучоршаванда, талаффузашон пӯшида ва талаффузашон кушод ҷудо кардааст. Онҳо овозу ҳарфро аз ҳам хеле хуб фарқ мекарданд.
Сибавайҳ ҳиссаҳои нутқро мисли забоншиносони дигари араб ба се гурӯҳ ҷудо кардааст: исм, феъл, ҳиссача (ҳуруф). Исмро ба муайяну номуайян, хосу ҷинс, ошкору (исмҳои аслӣ) ниҳон (ҷонишинҳои шахсӣ), умумӣ (ҷонишинҳои ишоративу нисбӣ) ҷудо намудааст. Ӯ шумораро ба микдорӣ ва тартибӣ ҷудо мекунад ва ҳамнишинии онҳоро бо шумурдашавандаашон (исмҳо) нишон додааст. Ҷонишинро ба шахсӣ, ишоратӣ ва нисбӣ ҷудо мекунад. Феълро бошад, ба замони гузашта (мозӣ), ҳозира-оянда (музо-реъ) ва ба сиғаи амр ҷудо карда, категорияҳои он: гузаранда-монда, фоил-мафъул, шахсу шумора, сиға, инчунин шаклҳои ғайритасрифии феъл ва аффиксҳои феълсозро нишон додааст.
Сибавайҳ ва забоншиносони дигари араб ба ҳиссача калимаҳоеро дохил кардаанд, ки аз хусусияти флективӣ ва маънои луғавӣ маҳруманд.
Забоншиносони араб ба асосх$и грамматикаи забон: нахв, яъне таълимот дар бораи тагйири калима, сарф - таълимот дар бораи калимасозӣ ва ҳуруф - таълимот дар бораи тағйири овозҳо ҳангоми созмондиҳии воҳидҳои нутқро дохил намуданд. Онҳо решаӣ сеҳамсадогӣ (котиб, қатл, қобил)-ро хеле хуб омӯхта буданд. Аффиксу флексияро нишон дода, вазифаи онҳоро хуб мефаҳмиданд. Арабҳо ҷумла гуфта тартиби калимаҳоеро дар назар доштанд, ки фикри ба итмомрасидаро фаҳмонида, аз руйи қонунияти муқаррарӣ ба ҳам омадаанд. Ҷумла ҳадди ақал аз ду калима тартиб меёбад. Ҷумла калон ва хурд мешавад. Ҷумла номӣ, феълӣ ва холӣ мешавад. Ҷумла бо исм cap шавад, номӣ, бо феъл cap шавад, феълӣ ва бо ҳоли замон ё макон cap шавад, холӣ гуфтаанд. Сараъзоҳоро мубтадову хабар ё ки фоилу феъл номидаанд.
Аъзоҳои пайрав пуркунанда (мафъул), ҳоли тарзи амал (хол), махсусгардонӣ (тамиз), истисно ва баёния (тавобеъ) гуфтаанд. Се навъи алоқа - мувофиқат, вобастагӣ ва ҳамроҳиро фарқ кардаанд.
Арабҳо калимаро аз рӯйи сохту таркиб, семантика, пайдоиш ва дараҷаи истеъмол тасниф намудаанд. Калимаҳои кӯҳнашударо (то ислом) низ медонистанд. Ба сермаъноии калимаҳо низ эътибор додаанд. Маъноҳои мушаххас, умумӣ ва маҷозии калимаҳоро фарқ мекарданд. Синоним, омоним ва антонимҳоро низ нишон додаанд. Луғатҳои тафсирӣ, соҳавӣ, синонимӣ, калимаҳои нодир, иқтибосӣ ва тарҷумавиро медонистанд. Мақсад пурра ва саҳеҳ омӯхтани китоби мукаддаси оини ислом - Қуръон буд.
Дар мактабҳои забоншиносии Басра, Куфа ва Бағдод олимони зиёде аз тамоми гӯшаву канори Хилофат ҷамъ омада буданд. Дар байни онҳо баробари арабҳо аз халқу миллатҳои дигар - Халил-ал-Фарходӣ, Ибни Дурейд, форсҳо Сибавайҳ (Себуя), Халил ибни Аҳмад, Кисоии Форсӣ, Абуҳотами Сиистонӣ, Фирӯзободӣ, Абӯалӣ Синои тоҷик, Сагонии ҳинд, Маҳмуди Кошғарии турк ва дигарон фаъолият доштанд.
Таъсири ақидаи забоншиносии араб на танҳо ба халқҳои форсу тоҷик, балки ба халқҳои Европа низ хеле калон аст. Масалан, европоиҳо мафҳуми решаро аз арабҳо фахмиданд, чунки инро юнониҳову римиҳо ҳоло намедонистанд.
Ҳанўз халифа Усмон барои амалӣ гардидани ин кор кўшиш карда буд. Баъдтар ҳазрати Алӣ донишманд Абдула ад-Дуалиро супориш медиҳад, ки дастуре барои дуруст хондану навиштани матнҳои «Қуръон» таҳия кунад. Ба қавле, гўё худи ҳазрати Алӣ асосҳои меъёри грамматикии забони арабиро муайян карда, тамоми калимоти арабро ба се гурўҳ: ном, феъл, ҳарф тасниф кардааст.
Баъдтар дар бораи грамматикаи забони арабӣ соли 796 Сибавайҳ (Себўя), ки аслан эронинажод аст, бо номи «Алкитоб» асаре таълиф менамояд. Вобаста ба баҳсу андешаҳо оид ба нуқтаҳои асосии ин асар дар мамолики араб ду мактаби забоншиносӣ бо номи Басра ва Куфа пайдо мешавад.
Тавре ки аз ин таърихча бармеояд, пайдоиш ва густариши илми забоншиносии араб ба тадқиқу таҳлили матн иртибот дорад. Пас низоми забоншиносии тоҷик, ки, пеш аз ҳама, аз забоншиносии араб баҳра гирифтааст, ба асоси маводи таҳлилу тадқиқшаванда бояд қарор ёбад. Аз ин дидгоҳ ҳар як ҳодисаи грамматикиро дар забони тоҷикӣ бояд ба асоси маводи сухансароёни фозил тавзеҳ дод, вагарна натиҷаи матлуб ба даст намеояд.
Дар мактабҳои забоншиносии Басра ва Куфа системаи забон аз се нуқтаи назар (яъне се ҷиҳат) омўхта мешуд:

Download 411,81 Kb.

Do'stlaringiz bilan baham:
1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11




Ma'lumotlar bazasi mualliflik huquqi bilan himoyalangan ©www.hozir.org 2024
ma'muriyatiga murojaat qiling

kiriting | ro'yxatdan o'tish
    Bosh sahifa
юртда тантана
Боғда битган
Бугун юртда
Эшитганлар жилманглар
Эшитмадим деманглар
битган бодомлар
Yangiariq tumani
qitish marakazi
Raqamli texnologiyalar
ilishida muhokamadan
tasdiqqa tavsiya
tavsiya etilgan
iqtisodiyot kafedrasi
steiermarkischen landesregierung
asarlaringizni yuboring
o'zingizning asarlaringizni
Iltimos faqat
faqat o'zingizning
steierm rkischen
landesregierung fachabteilung
rkischen landesregierung
hamshira loyihasi
loyihasi mavsum
faolyatining oqibatlari
asosiy adabiyotlar
fakulteti ahborot
ahborot havfsizligi
havfsizligi kafedrasi
fanidan bo’yicha
fakulteti iqtisodiyot
boshqaruv fakulteti
chiqarishda boshqaruv
ishlab chiqarishda
iqtisodiyot fakultet
multiservis tarmoqlari
fanidan asosiy
Uzbek fanidan
mavzulari potok
asosidagi multiservis
'aliyyil a'ziym
billahil 'aliyyil
illaa billahil
quvvata illaa
falah' deganida
Kompyuter savodxonligi
bo’yicha mustaqil
'alal falah'
Hayya 'alal
'alas soloh
Hayya 'alas
mavsum boyicha


yuklab olish